Ноябр 30, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
    Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрони бовуҷуди камкориҳо ии Аврупо дар иҷрои тааҳҳудоташ то кунӯн барои ҳифзи БарҶом сабри роҳбурдӣ доштааст. Аммо БарҶом тааҳҳуде чандҷониба аст ва бо ҳаракати яктарафа дар ин масир наметавон интизори натиҷаи ҳаддиаксариро дошт.

Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар вокуниш ба ин бадаҳдӣ, тарҳии роҳбурдиро барои лағви таҳримҳо тасвиб кард.

Абулфазли Амӯӣ, сухангӯи Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард: “бар асоси тарҳи иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо, дар сӯрати амал накардани тарафҳои аврупоӣ ба тааҳудоти БарҶом-ӣ, Эрон зарфи 2 моҳи оянда аз иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқӣ хориҷ ме‌шавад.

Амӯӣ бо баёни инки тибқи модаи як тарҳ, солона 120 килограм  уран бо ғинои 20 дарсад дар Эрон тавлиду захира хоҳад шуд, афзуд, бар асоси модаи ду низ Созмони энержии атомии Эрон мукаллаф мешавад, моҳонаи 500 килограм урани ғанишуда бо сатҳипоин тавлид ва нигаҳдорӣ кунад.

Тибқи модаи 3 низ Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон мукаллаф ба баҳрагирӣ аз мошинҳои насли ҷадиди сентрифугаҳо IR2M ва IR6 аст. Ҳамчунин ин созмон мукаллаф ба баҳрабардорӣ аз корхонаи тавлидии урани фулузӣ дар Исфаҳон шудааст. Бар асоси ин тарҳ ҳамчунин Созмони энержии атомии Эрон мукаллаф аст, ҳамзамон бо амалиёти беҳинасозии реактори оби сангини Арок, як реактори оби сангини 40 мегаваттии дигар бо ҳадафи тавлиди радиоизотопҳои бемористон, тарроҳӣ кунад.

Бо тавваҷуҳ ба бадаҳдии тарафҳои аврупоӣ дар иҷрои БарҶом, Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон яксол пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом бо истинод ба маводи 26 ва 36 БарҶом, тасмим ба таваққуфи гом ба гоми иҷрои иқдомоти довталабонаи Эрон дар тааҳҳудоти ҳастаӣ гирифт. Ин тасмим дар як бозаи замонӣ тайи 5 марҳала иҷро шуд. Ин тасмим нишон дод, ки Эрон мусаммам ба бархӯрдории комил аз ҳуқуқи мундараҷ дар БарҶом аст ва дар ин мавзӯ бо ҳеч тарафе таъоруф надорад.

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия чанде қабл дар ёддоштӣ бо унвони «БарҶом бар лабаи теғ» бо ишора ба инки БарҶом бар се пояи аслии "иқтисодӣ", "фаннӣ" ва"сиёсӣ- ҳуқуқӣ" бино шудааст, навишт: " хурӯҷи Амрико аз БарҶом дар 8 майи 2018 ва эҳёи таҳримҳо зидди Эрон дар ду марҳала 90 ва 180 рӯзаи вазъи таҳримҳои ҷадид тавассути Вашингтон мӯҷиб шуд, иҷрои ин тавофуқи байналмилалӣ бо печидагӣ рӯбарӯ шавад."

Дар воқеъ тарҳи Амрико барои Эрон, муқаддамае барои БарҶом-и такмилӣ буд. Мушовирони Трамп дар як хатои муҳосиботӣ бар ин тасаввур буданд, ки «сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ»-ро бо шоки « зарбаҳои амниятӣ » метавонанд ташдид кунанд. Амрикои‌ҳо дар ҳамаи ин солҳо талош кардаанд, Ҷумҳурии Исломии Эронро аз пешрафту ва бархӯрдории аз дониши сулҳомези ҳастаӣ маҳрӯм созанд, аммо муваффақ нашуданд. Имрӯз дониши ҳастаӣ дар Эрон муттакӣ ба шахс нест, балки ба унвони дониши рушд ёфта дар Эрон ниҳодина шудааст. БарҶом низ ҳаргиз ба унвони як омили боздорандаи мавриди пазириши Эрон қарор нагирифт, балки ҳадафи Эрон эътимодсозӣ ва таъомули ду турфа бар асоси тааҳҳудоти мутақобил дар як давраи замонии мушаххас будааст.

Лизо Ҷумҳурии Исломии Эрон то замоне ба тааҳҳудоташ дар БарҶом боқи мемонад, ки тарафҳо муқобили ҳам дар ин ҷиҳат шаффоф ва бар асоси тааҳҳудот амал кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп