Сафари раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба 3 кишвари Амрикои Лотин
(last modified Sun, 01 Jun 2025 06:13:48 GMT )
Июн 01, 2025 11:13 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба 3 кишвари Амрикои Лотин

Порс Тудей - Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон шомгоҳи шанбе дар садри ҳайати баландпояи порлумонӣ барои ҳузур дар Иҷлоси маҷолиси гуруҳи БРИКС, сафари минтақаии худ ба се кишвари Венесуэла, Куба ва Бразилия дар минтақаи Амрикои Лотинро оғоз кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф пеш аз азимат дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, бо ишора ба зарфиятҳои кишварҳои Амрикои Лотин ва нақши порлумонҳо барои густариши ҳамкориҳо бавижа дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва саноатӣ, ҳадаф аз ин сафарро ширкат дар Маҷмаи руасои маҷолиси БРИКС ва дидор бо мақомоти ин кишварҳо барои ҳамкориҳои порлумонӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ эълом кард. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт: Азми Ҷумҳурии Исломии Эрон бар истифода аз тавони дипломасии порлумонӣ бо кишварҳои узви БРИКС барои иртиқои равобити ду ҷониба ва чандҷониба аст.