Амрикоҳо аз тарси интиқоми Эрон аз Ироқ мераванд
(last modified Thu, 03 Dec 2020 07:31:46 GMT )
Декабр 03, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳанӯз  мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз кормандони Амрико аз сафорат хориҷ хоҳанд шуд
    Ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз кормандони Амрико аз сафорат хориҷ хоҳанд шуд

Шабакаи “СНН” бомдоди панҷшанбе ба нақл аз 3 манбаи огоҳ гузориш дод, ки дар остонаи солгарди террори сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ, Амрико аз бими интиқоми Эрон шуморе аз кормандони сафорати худ дар Бағдодро ба таври муваққат хориҷ ме‌кунад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз кормандони Амрико аз сафорат хориҷ хоҳанд шуд ва ин афрод, кай ба Ироқ боз хоҳанд гашт.

Як мақоми дифоӣ ба С.Н.Н гуфт, ки масъулони эронӣ хоҳони интиқом гирифтан ҳастанд ва «қасди ақибнишинӣ надоранд», аммо Амрико медонад, ки эрониҳо аҷалае надоранд ва мумкин аст, ки барои моҳҳои бештаре барномарезӣ кунанд.

Субҳгоҳи ҷумъа сеюми январи 2020 сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон бо тавтеаи амрикоиҳо дар фурӯдгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

Дар  ин ҳамла ҳамроҳ бо сардор Сулаймонӣ, Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, қоиммақоми басиҷи мардумии Ироқ ва шумори дигаре аз размандагони ироқӣ низ шаҳид шуданд.

Ин иқдоми террористӣ ба дастури мустақими Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико сӯрат гирифт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: