Декабр 06, 2020 18:23 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 294 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар гуфт: "Бар асоси  меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 11 ҳазору 561 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 333 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: "Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 294 бемори Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 50 ҳазору 310 нафар расид".

Лорӣ ҳамчунин гуфт: “Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 40 ҳазору 547 нафар расидааст, ки то кунун 730 ҳазору 798 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд".

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 67 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 536 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 46 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп