Эрон: Аврупо аввал бародарии худро собит кунад
(last modified Mon, 07 Dec 2020 12:30:55 GMT )
Декабр 07, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон борҳо таъкид кардааст дар бораи БарҶом дигар музокира нахоҳад кард
    Эрон борҳо таъкид кардааст дар бораи БарҶом дигар музокира нахоҳад кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба изҳороти вазири хориҷаи Олмон дар бораи тавофуқи ҳастаии вокуниш нишон дод.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии маҷозӣ бо хабарнигорон дар вокуниш ба изҳороти ахири Ҳейку Маас, вазири умури хориҷаи Олмон дар бораи тавофуқи ҳастаӣ гуфт, “Аврупоиҳо аввали бародарии худро бо амал ба тааҳҳудоташон дар тавофуқи ҳастаӣ собит кунанд”.

Хатибзода таъкид кард, БарҶом (тавофуқи ҳастаӣ) як бор музокира шуд ва Эрон чизе ки якбор музокира шударо дубора музокира наме‌кунад.

  • Ҳейку Маас, вазири умури хориҷаи Олмон ахиран дар изҳори назаре ҳамсӯ бо сиёсатҳои Кохи Сафед гуфт: “Ба як тавофуқи ҳастаӣ фаротар бо Эрон ниёз аст ки манофеи Аврупоро таъмин кунад”.

Сухагӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: “Эрон ба ҳуқуқу масъулиятҳои худ ошно аст ва ҳуқуқу масъулиятҳои тарафи муқобилро ҳам ёдоварӣ кардааст: Он чӣ бо фишори ҳаддиаксарӣ ба даст наомад, бо равишҳои дигар ҳам ба даст намнояд”.

Хатибзода дар айни ҳол афзуд: “Гуфтаҳову шунидаҳое вуҷуд дорад, ки давлати ҷадиди Амрико равиши ғалати давлати феълиро ислоҳ хоҳад кард”.

 

Бештар бихонед: