Таъкиди Эрон бар дастрасии баробари ҳамаи инсонҳо барои дарёфти ваксинаи корона
Мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон бар дастрасии баробари ҳамаи остонҳо ба ваксинаи Ковид-19 дар саросари ҷаҳон таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Ризо Наҷафӣ» мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар нишасти мақомоти аршади конфронси таомулу иқдомоти эътимодсоз дар Осиё ( Сико ) ки ба сурати видеоконфронс ба раёсати Қазоқистон ва бо мавзӯи " бознигарии вазъияти минтақа, ба коргирии таҷрибиёти ҳосила аз муқобила бо ҳамагирии Ковид -19 бо ҳадафи тавсеа ва ҳамкории бештар миёни кишварҳои узв" баргузор шуд، Аз талошҳои кишварҳои узв дар муқобила бо чолишҳои пеши рӯй монанди муқобила бо ҳамагирии Ковид-19 ба унвони бузургтарин бӯҳрони ҷаҳонӣ қадрдонӣ кард.
Наҷафӣ зимни таъкид бар муқобила бо якҷонибагароӣ ва тақвияти чандҷонибагароӣ, мухолифати сареҳи ҳама кишварҳо бо табаият аз ҳар гуна иқдомоти ғайриқонунӣ ва муқобила бо таъсири мухарриби иқдомоти қаҳромези якҷонибагароёна ва тероризми иқтисодии Амрико бар мубориза бо ҳамагири Ковид-19-ро хостор шуд.
Мудири кулли сулҳу амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз талошҳои бебадили органҳои мухталифи давлатӣ ва хусусӣ, ки барои ёфтани роҳи ҳал барои поён додан ба вируси корона ҳастанд, қадрдонӣ кард.
Ба гузориши Ирна, нишасти мақомоти аршади конфронси таомулу иқдомоти эътимодсоз дар Осия ( CICA ) ду бор дар сол бо ҳадафи тасмимгирӣ дар мавриди иҷроии тавофуқи номаҳо ва тасмимоти иҷлоси сарон ва нишасти вазирон бо ширкати мақомоти аршади кишварҳои узв баргузор мешавад.