Декабр 13, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Човуш Ӯғлу: Эрдуғон аз ҳассосиятҳо перомуни шеъри хонда шуда огоҳ набудааст
    Човуш Ӯғлу: Эрдуғон аз ҳассосиятҳо перомуни шеъри хонда шуда огоҳ набудааст

Дар пайи вокунишҳои густардаи эрониён ба изҳороти ахири Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Бокӯ, вазири умури хориҷаи Туркия дар тамос бо ҳамтои эрониаш бар равобити наздику дӯстона миёни ду кишвар ва сиёсати қатъии ҳусни ҳамҷавории Анкара таъкид кард.

Мавлуд Човуш Ӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия шанбешаб дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон итминон дод: “раисиҷумҳури Туркия ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ ва сарзаминии Эрон эҳтироми комил гузошта ва аз ҳассосиятҳо перомуни шеъри қироат шуда низ огоҳ набуда ва онро фақат дар иртибот бо Лочин ва Қарабоғ медонист ва ба ҳамин далел онро дар маросими рижаи Бокӯ хонда аст".

Зариф низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар аҳаммияти равобити дӯстона ва ҳокӣ аз эҳтироми ду кишвар ва низ равобити самимона миёни раисиҷумҳури Туркия ва мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард: “равобити дуҷониба дар бистари эътимоди мутақобил беш аз пеш густариш ёбад”.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия 10 декабр дар ҷашни пирӯзии ҷанги Қарабоғ дар Бокӯ шеъре дар робита бо рӯди Арас хонд, ки алайҳи тамомияти арзии Эрон маҳсӯб мешуд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон низ рӯзи ҷумъа бо эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон ва эъломи маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии исломӣ ба изҳороти ҷудоии талабонаи Эрдуғон, посухи фаврии давлати Туркия дар ин бораро хостор шуд.

Ин изҳороти Эрдуғон бо мухолифатҳои густардаи мардуми Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД

 

Барчасп