Декабр 15, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Дар 8 моҳи нахусти соли ҷории хуршедӣ содироти Эрон ба Тоҷикистон 30 дарсад рушд доштааст
    Дар 8 моҳи нахусти соли ҷории хуршедӣ содироти Эрон ба Тоҷикистон 30 дарсад рушд доштааст

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Иморот аз рушди 30 дарсадии содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фаршеди Фарзон, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Иморот бо интишори паёме дар сафҳаи твиттерии худ тиҷорати Эрон бо 20 кишварро дар 8 моҳи нахусти соли 1399 хуршедӣ бо муддати мушобеҳи соли 1398 муқоиса кард.

Ба навиштаи оқои Фарзон, дар 8 моҳи нахусти имсол бештарин мизони афзоиш дар содироти Эрон марбут ба содирот ба Тоҷикистон будааст, ки 30 дарсад рушд доштааст.

Бештарин коҳиш низ бо 80 дарсад дар содироти Эрон ба Гурҷистон рух додааст.

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиду золимона алайҳи Эрон, ин кишвар дар соли 2019 танҳо ба ҳамсоягони худ ба арзиши 25 миллиард доллар коло содир кардааст.

 

Бештар бихонед: