Раҳбари инқилоби исломӣ: Интиқоми сардор Сулаймонӣ қатъӣ аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Амркунандагону қотилони сардори сипаҳбуд - шаҳид Қосими Сулаймонӣ бояд интиқом пас диҳанд ва ин интиқом дар ҳар замоне ки мумкин бошад, қатъӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори аъзои Ситоди бузургдошти солгарди сардори сипаҳбуд - шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва хонаводаи он шаҳиди воломақом, шаҳид Сулаймониро қаҳрамони миллати Эрон ва қаҳрамони уммати исломӣ хонданд ва таъкид карданд: «Бо тавваҷуҳ ба ин ки он шаҳид ҳамвора мардумӣ буд, барои бузургдошти ӯ низ бояд аз зарфиятҳои мардумӣ ва талошҳои фарҳангиву мубтакирона истифода шавад».
Раҳбари инқилоби исломӣ шаҳодати сардор Сулаймониро як ҳодисаи таърихӣ хонданд ва бо ишора ба табдил шудани он шаҳид ба қаҳрамони миллӣ ва қаҳрамони уммати исломӣ афзуданд: «Сабаби он ки шаҳид Сулаймонӣ қаҳрамони миллати Эрон шуд ва қишрҳои мухталифи мардум ӯро такрим ва ба ӯ ибрози эҳсосот карданд, ин буд, ки шаҳид Сулаймонӣ намоди арзишҳои фарҳангии Эрону эронӣ буд».
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шуҷоату муқовимат, тезҳушӣ, фидокорӣ ва навъи дӯстиро аз вижагиҳои шаҳид Сулаймонӣ донистанду хотирнишон карданд: Он шаҳиди воломақом ҳамчунин аҳли маънавият, ихлос ва охират буду ҳеч гоҳ аҳли тазоҳур набуд.
Эшон дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид карданд: «Ҷумҳурии исломии Эрон бояд дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла иқтисод, илму фанноварӣ ва дифоъ қавӣ шавад то душманон аз тамаъи таҷовуз ба кишвар даст бардоранд».
Бештар бихонед:
- Амрикоиҳо аз тарси интиқоми Эрон аз Ироқ мераванд
- Фармондеҳи Сипоҳи посдорон: Интиқоми шаҳодати Сулаймонӣ қатъӣ ва ҷиддӣ аст
- Оғози интиқоми сахт: Пойгоҳи амрикоии «Айн-ул-Асад» дар Ироқ дарҳам кӯбида шуд