Эъломи омодагии Ӯзбакистон барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳори Эрон
(last modified Wed, 16 Dec 2020 13:16:55 GMT )
Декабр 16, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Бандари Чобаҳори Эрон наздиктарин ва амнтарин роҳи иртиботии Осиёи Марказӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ аст
    Бандари Чобаҳори Эрон наздиктарин ва амнтарин роҳи иртиботии Осиёи Марказӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ аст

Нишасти дуҷонибаи Эрон ва Ӯзбакистон бо ҳадафи баррасии роҳкорҳои транзити коло аз ин ду кишвар ба Ҳинд ва дигар кишварҳо тавассути бандари Чобаҳори Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Шаҳроми Одамнажод, муовини вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар ин нишаст, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, гуфт: «Бандари Чобаҳор як даргоҳи мутмаину бисёр муносиб барои транзити коло аст ва кишварҳои ҳамсояву минтақа метавонанд аз сармоягузорӣ дар ин бандар ва пас карона аз он нафъ бибаранд».

Одамнажод бо ишора ба маҳдудиятҳое ки Туркманистон барои вуруд ва ё убури коло аз он кишвар эҷод мекунад, аз иқдомоти муассири Эрон дар ҳавзаи ҳамлунақли коло ва комюн аз бандарҳои шимолии Эрон дар баҳри Хазар хабар дод ва таъкид кард: «Ин пружа метавонад моро аз шароити эҷодшуда хориҷ кунад».

Даврон Деҳқонов, муовини вазири нақлиёти Ӯзбакистон низ дар ин нишаст имконоту таҷҳизоти бандари Чобаҳорро бисёр матлуб хонду гуфт: «Бо тавваҷуҳ ба тавонмандиҳои амалиётӣ, таҷҳизотӣ ва мавқеияти геостратегии бандари Чобаҳор пешниҳод мешавад, коргурӯҳе муштарак бо ҳузури намояндагони созмони бандарҳо ва Кумитаи тавсеаи ҳамлунақли Ӯзбакистон барои баррасии дақиқи тарҳҳо ва ироаи барномаҳои амалиётӣ ҳузури Ӯзбакистон дар бандари Чобаҳор ташкил шавад то ин  коргурӯҳ ба таҳияи нақшаи роҳ иқдом кунад».

Ҳамчунин Хусрав Сароӣ, мудири кулли транзит, лагистика ва тавофуқномаҳои байналмилалии созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ аз масъулони ҳамлунақли Ӯзбакистон даъват кард то аз зарфиятҳои фароҳамшуда дар Чобаҳор истифода кунанд.

 

Бештар бихонед: