Иттисоли рейлии Қандаҳор ба Чобаҳори Эрон аз авлавиятҳои Афғонистон
(last modified Tue, 23 Jul 2024 04:58:58 GMT )
Июл 23, 2024 09:58 Asia/Dushanbe
  • Талоши Афғонистон барои пайвастан ба масири рейлӣ то Чобаҳори Эрон
    Талоши Афғонистон барои пайвастан ба масири рейлӣ то Чобаҳори Эрон

Раиси Утоқи саноеъ ва маодини ҳукумати Толибони Афғонистон бо таъкид бар сармоягузорӣ дар бахши рейлии ин кишвар, иттисоли рейлии Қандаҳор ба бандари Чобаҳори Эронро аз авлавиятҳои Афғонистон донист.

Шербоз Каминзода, раиси Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон бо ишора ба тавсеаи рейлии ин кишвар гуфт: Масире ки Қандаҳорро ба Чобаҳор васл мекунад, барои ҳамаи афғонҳо навидбахш асту ҳамаи афғонҳо бояд дар он сармоягузорӣ ва ҳимоят кунанд то Афғонистон аз шароити кунунӣ хориҷ шавад.

Дар ҳамин робита Мустафо Ризоӣ, мудири консорсиюми тавсеаи рейлии Афғонистон ҳам бо баёни ин ки иттисоли Қандаҳор ба Чобаҳор аз авлавиятҳои Афғонистон аст, афзуд: Дар се соли гузашта ҳудуди панҷ ҳазор километр масири рейлии ҷадид дар Афғонистон сохта шудааст.

Ризоӣ бо ишора ба ин ки масири рейлии Чобаҳор ба гузаргоҳи марзии Милак (ҳаммарз бо кишвари Афғонистон) то нимаи аввали соли 1404 ба баҳрабардорӣ мерасад, гуфт: Хати рейлии Қандаҳор ба Милак ва Милак ба Чобаҳор дар хоки Афғонистон қарор дошта ва метавонад бахши азиме аз содироти Афғонистонро ба мақосиди ғайр аз Ҷумҳурии исломии Эронро низ мумкин кунад.

Бар асоси гузориши Вазорати ҳамлунақли ҳукумати Толибони Афғонистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 230 километри мураббаъ роҳи оҳан дар саросари Афғонистон фаъол аст ва аз ин масири рейлӣ рӯзона содироти қобили таваҷҷуҳе ба кишварҳои дигар анҷом мешавад.

Абдуссалом Ҷаводи Охундзода, сухангӯи Вазорати санъату тиҷорати ҳукумати Толибон ҳам бар густариши содироту воридоти Афғонистон аз масири Чобаҳори Эрон таъкид дорад.