Рӯҳонӣ: Аз рафтани Трамп бисёр хушҳолем
Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: Ба ҳеч унвон аз рӯйи кор омадани Байден завқзада нестем, аммо аз рафтани ёғитарину қонуншикантарин фард дар Амрико хушҳолем.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт: «Эрон хоҳони сулҳ, суботу амният дар ҷаҳон ва таомули созанда бо ҳамаи кишварҳое аст, ки мехоҳанд масири таомулро баргузинанд».
Рӯҳонӣ афзуд: «Имрӯз тавонмандтар ва қудратмандтар аз ҳамеша ҳастем ва ба ҳеч унвон аз рӯйи кор омадани Ҷо Байден завқзада нестем, аммо аз рафтани ёғитарину қонуншикантарин фард дар Амрико хушҳолем. Аз рафтани Доналд Трамп ба унвони фарде, ки ҳатто барои таъмини ваксинаи беморон низ монеа эҷод мекард, хушҳол ҳастем, зеро ӯ ҳатто ба усули ахлоқӣ ва инсонӣ ҳам пойбанд набуд».
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин гуфт: «Умедворам, раъйи мардуми Амрико барои ҳукумати ҷадиди ин кишвар равшан бошад ва бидонанд, ки ин раъй, раъй ба қонунмадорӣ ва пойбандӣ ба тааҳҳуд дар муқобили қонуншиканӣ ва бетааҳҳудӣ аст».
Бештар бихонед:
- Рӯҳонӣ: Фишори ҳаддиаксарӣ поёни даврони худро тай мекунад
- Рӯҳонӣ: Сиёсати пуросеби Трамп аз сӯи мардуми Амрико ҳам бо мухолифат рӯ ба рӯ шуд
- Рӯҳонӣ: Давлати баъдии Амрико дар баробари Эрон таслим мешавад