Тренди ҳаштакҳои сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди ал-Муҳандис
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i60181-Тренди_ҳаштакҳои_сардор_Сулаймонӣ_ва_Абумаҳди_ал_Муҳандис
Дар остонаи солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди ал-Муҳандис, корбарони ироқии Твиттер дар тақдир аз ҷонфишониҳои ин фармондеҳони шаҳид, ҳаштакҳои "# Ироқ-ал-Муҳандис" ва "#Сулаймонӣ-Мино-аҳли-ал-Ироқ"-ро роҳандозӣ карданд, ки тренд шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 24, 2020 20:30 Asia/Dushanbe
  • Тренди ҳаштакҳои сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди ал-Муҳандис
    Тренди ҳаштакҳои сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди ал-Муҳандис

Дар остонаи солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди ал-Муҳандис, корбарони ироқии Твиттер дар тақдир аз ҷонфишониҳои ин фармондеҳони шаҳид, ҳаштакҳои "# Ироқ-ал-Муҳандис" ва "#Сулаймонӣ-Мино-аҳли-ал-Ироқ"-ро роҳандозӣ карданд, ки тренд шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Аҳд, ҳар як аз ин ҳаштакҳо бо беш аз 75 ҳазор твит дар садри шабакаи иҷтимоии Твиттер қарор гирифт. 

"Сулаймонӣ мино аҳли Ал-Ироқ" бар гирифта аз ҳадиси паёмбар дар бораи "Салмон Форсӣ" аст, ки фармуданд: "Салмон мино аҳли ал-байт" (Салмон аз мо аҳли байт аст).

Фаолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳаштакро ба ёди фидокориҳои шуҷоона ва раҳбарии истисноии шаҳидон ал-Муҳандис ва Сулаймонӣ барои набардҳои сангинашон бо душманон ва дафъи лоиҳаҳои саҳюнистӣ-амрикоии шум дар Ироқ ва минтақа, роҳандозӣ карданд.