Декабр 26, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Тимҳои миллии ҷавонон ва навҷавонони Эрон дар Тоҷикистон урдуи тадорукотӣ барпо кардаанд
    Тимҳои миллии ҷавонон ва навҷавонони Эрон дар Тоҷикистон урдуи тадорукотӣ барпо кардаанд

Тими футболи навҷавонони Эрон дар дувумин бозии тадорукотӣ муқобили Тоҷикистон ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои федератсияи футболи Эрон, бозикунони тими миллии футболи навҷавонони Эрон дар дувумин бозии тадорукотии худ дар Тоҷикистон бо натиҷаи як бар сифр бар мизбони худ ғалаба карданд.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи миллии шаҳри Душанбе зери бориши барф анҷом шуд Амир Иброҳимзода дар дақиқаи 28 дарвозаи тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистонро боз карду дар ниҳоят бозӣ бо ҳамин натиҷа ба поён расид. 

Навҷавонони Эрон дар бозии нахуст низ бо натиҷаи 4 бар як ба пӣрӯзӣ расида буданд.

Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо ҳузур дар ҷойгоҳи тамошогарони варзишгоҳи миллии ин шаҳр бозии тимҳои миллии навҷавонони Эрону Тоҷикистонро аз наздик тамошо кард

 

Бештар бихонед:

Барчасп