Декабр 27, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Ҳадаф аз таҳияи филми \
    Шамхонӣ: Ҳадаф аз таҳияи филми \"Бонуи биҳишт\" ихтилофотафканӣ дар байни мусалмонон аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳадаф аз сохти филми "Бонуи биҳишт"-ро ихтилофафкании байни мусулмонон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, «Алӣ Шамхонӣ» дабири Шӯроии олии амнияти миллии Эрон рӯзи якшанбе дар Твиттер навишт: рози эътилоии исломи ноб, ваҳдат ва наздикии мазоҳиб аст.

Шамхонӣ афзуд: сиёсатҳои меҳвари ғарбӣ, ибрӣ, арабӣ бо роҳбурди ихтилофафканӣ, рӯзе бо таъсиси ДИИШ ва рехтани хуни миллатҳои мусулмон ва рӯзе бо сохти филми "Бонуи биҳишт" дунбол мешавад.

Филми  синамоии «Бонуи биҳишт» бо мавзӯи зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с ) духтари Паёмбари ислом ( с) сохтаи компанияи англисӣ "Enlightened Kingdom"  аст.

Нависандаи ин филм «Ёсир Ал-Ҳабиб» аст, ки дар соли 2003 дар пайи иҳонат ба «Оиша» ҳамсари Паёмбари Акрам ( с ) ва пас аз он ки тасмим ба боздошти вай дар Кувайт қатъӣ шуд, давлати Амрико ва Англия ҷанҷол ба роҳ андохтанду бо салби тобеияти Ёсир Ал-Ҳабиб аз сӯи Кувайт, Англис ба вай паноҳандагӣ дод.

Муроҷеи уззоми тақлид, ки аз тавтеаҳои тафриқаафканонаи «Ёсир Ал-Ҳабиб» байни мусулмонон огоҳӣ доранд, ироаи ҳар гуна кумак ба вай барои таҳияи ин филмро аз лиҳози шаръӣ ҳаром эълом ва таъкид кардаанд тамоми касоне, ки дар таҳия ва нашри ин филму ё тамошои он шарик шаванд, муртакиби гуноҳи кабира шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп