Декабр 28, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона дар Эрон ба 54 ҳазору 814 тан расид
    Шумори қурбониёни корона дар Эрон ба 54 ҳазору 814 тан расид

Бо ҷон бохтани 121 бемори коронаӣ дар 24 соати гузашта дар Эрон, шумори қурбониёни вируси корона дар ин кишвар ба 54 ҳазору 814 тан расид.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар шабонарӯзи гузашта панҷ ҳазору 908 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва 798 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи мубталоён ба корона дар Эрон ба як миллиону 206 ҳазору 373 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун 960 ҳазору 751 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бемории Ковид - 19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 81 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз як миллиону 770 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Афзоиши густариши корона дар ҷаҳон дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки ба тозагӣ гунаи ҷадиде аз ин вирус дар Англия кашф шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп