Декабр 31, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Чаро Би Би Си асабонӣ аст?
    Чаро Би Би Си асабонӣ аст?

Мустанади "ғайрирасмӣ" дар ҳоле пахш шуд, ки бо бозтоб ва истиқболи қобили таваҷҷӯҳе рӯ ба рӯ шуд ва диққати доираи васеи бинандагонро дар дохил ва хориҷи Эрон ҷалб кард.

Дар ин миён дидгоҳи коршиносон ва гардонандагони Би Би Сии форсӣ, ки солҳост дар бораи тахриби раҳбари инқилоб бо пахши мустанадҳои ҳирфаӣ ва пуштвона барӯзтарин имконоти расонаӣ ва таҳқиқотӣ машғул ҳастанд, аз дигар расонаҳои форсизабони хориҷ аз кишвар бештар қобили тавваҷӯҳ аст.

Би Би Сии форсӣ эътироф мекунад,  ки ин мустанад бисёр таъсиргузор буда ва тавониста ҷилваҳои ҷолибе аз муоширатҳои раҳбарӣ бо нухбагони Эрон ба намоиши бигузорад. Коршиносони Би Би Си гуфтаанд, ки ин мустанад тавониста тасвири ғайрирасмии раҳбари Эронро хуб ва матлуб ривоят кунад. Би Би Си ҳамчунин изъон дорад, ки ин мустанад бо истиқболи қобили таваҷҷӯҳе дар дохилу хориҷ аз Эрон рӯ ба  рӯ шуда ва аз муҳимтарин далоили муваффақияташ низ доштани ҷозибаи болои мустанад аст.

- Аммо ҳамаи далоили асабонияти Би Би Сии форсӣ аз мустанади ғайрирасмӣ ба истиқболи густардаи мухотабин аз ин мустанад барнамегардад. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки коршиносони Би Би Си далели асабонияти худро низ пинҳон намекунанду баён мекунанд, ки умдаи асабонияти онҳо аз ин мустанад, нишон додани тасвири муваффақ аз навъи таъомулу дидори раҳбари муъаззами инқилоб бо мунтақидини ҳавзаҳои мухталифи амалкарди инқилоб ва низом аст. Нишон додани ин мавзӯ, ки раҳбари Эрон бо мунтақидин амалкарди низом ва ҳатто мунтақидони худ дидорҳои мутаъаддиде баргузор карда ва дар баробари интиқодот низ тасвири самимӣ, интиқодпазир, дорои дурандешии махсус ва алоқаманд ба шунидани нақди бештару бе таъоруф аст, ба сурати вижа гардонандагону коршиносони Би Би Си-ро нороҳату асабонӣ кардааст.

- Нуктаи ҷолибтар, аммо онаст ки Би Би Си аз намоиши усули посухи раҳбари исломӣ ба мунтақидин низ нигаронии вижае дорад. Нигаронии муҳимме, ки мӯътақид аст, ки раҳбари Эрон ба иллати навъи нигоҳи хоси роҳбурдӣ, ки ба ҷумҳурии исломӣ ва иттифоқоти он дорад, бисёр еаз нақдҳоро дар чорчӯбе посух медиҳад, ки сабаби ақноъи мухотаб ва мунтақидин шуда ва хоҳад шуд.

- Ба хубӣ қобили мулоҳиза аст, ки асоси барномасозии би Би сии форсӣ барои тахриби мустанади ғайрирасмӣ дар мавзеи инфеъол аст. Албата бояд ба онҳо то ҳади зиёдӣ ҳақ дод; зеро расонае, ки дар ин солҳо худро пешрав дар сохти мустанадҳои тахрибӣ алайҳи раҳбари инқилоби исломӣ медонад, ба якбора бо як мустанади орому содда рӯ ба рӯ мешавад, ки тавони аз байни бурдани бисёре аз заҳамоташонро дорад. Албатта, ин танҳо оғози кор аст ва филмҳои дигари мустанад дар роҳанд.

Ин мустанадро метавонед дар линки зер мушоҳида кунед:

http://www.doctv.ir/Program/194937

Барчасп