Декабр 31, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Маросими бошукӯҳи ёдбуди шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар марзи Сурия ва Ироқ
    Маросими бошукӯҳи ёдбуди шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар марзи Сурия ва Ироқ

Маросими аввалин солгарди шаҳодати сипаҳбуд "Қосим Сулаймонӣ" ва "Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис" дар минтақаи Ал-Букамол наздики марзи сурия бо Ироқ баргузор шуд.

Ба гузориши шабакаи ал-Маёдин, ҳазорон нафар аз ашоиру масъулон ва аҳолии минтақаи «Ал-Букамол» имрӯз панҷшанбе дар маросими бузургдошти аввалин солрӯзи шаҳодати сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ » фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ҳузур  ёфтанд.

"Ҷаводи Туркободӣ", сафири Эрон дар Димишқ, Сурияро хатти пеш барои дифоъ аз меҳвари муқовимат дониста ва таъкид кард, ки ҷинояти террори шаҳид Сулаймонӣ бепосух нахоҳад монд.

«Абдулкарим Ал-Дандал» раиси шӯрои ашоири « ал-Фурот » ва « Алҷазира » дар шарқи Сурия гуфт, террори шаҳид Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, иродаи меҳвари муқовиматро аз байн намебараду башорати пирӯзӣ дар Ироқу Сурия ва Яману Лубнон дар ҳоли намоёни сохтани худ дар уфуқ аст.

Вебсайти  меҳвари ал-Явми Лубнон низ навишт, аҳолии шаҳри ал-Букамол тасовири шуҳадои муқовиматро бар болои хонаҳои худ насб карда ва бисёре аз аҳолии рустоҳои минтақа низ барои ҳузур дар ин маросим вориди Ал-Букамол шуданд.

Сардори сипаҳбуд Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудс ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис , муовини раиси созмони ал-Ҳашду шаъбии Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигари бомдоди сеюми январи 2020 дар масири фурудгоҳи Бағдод, ба дастури « Доналд Трамп » раиси ҷумҳурии Амрико ва ба дасти артиши террористи Амрико , ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп