Шаҳид Сулаймонӣ барои меҳвари муқовимат чӣ кард?
Бомдоди саввуми январ аввалин солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ аст. Мевари муқовимат ёд ва хотираи ин шаҳиди бузургро гиромӣ дошта ва режими саҳюнистӣ низ аз набуди ин сардори муқовимат хурсанд аст. Саволи муҳим ин аст, ки сардор Сулаймонӣ чӣ хидматҳое барои меҳвари муқовимат доштааст, ки сабаби асабонияти режими саҳюнистӣ шудааст?
Хадамоти Ҳоҷ Қосими Сулаймониро метавон дар меҳварҳои мухталиф баён кард.
Нахустин мавзӯ ин аст ки Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ меҳвари инсиҷому якпорчагии меҳвари муқовимат буд. Яке аз муҳимтарин роҳбурдҳои саҳюнизми байналмилал, эҷоди тафриқау ихтилоф миёни кишварҳои исломӣ ва дар хусуси меҳвари муқовимат низ мамониат аз ваҳдату инсиҷоми гурӯҳҳо аст. Ин инсиҷому ваҳдат сабаб шуд бо гузашти замон , мавқеъияти меҳвари муқовимат тақвият шуда ватавозуни қудрат низ дучори дигаргунӣ шавад.
Мавзӯи дигар ин аст, ки афсонаи шикастнопазирии режими саҳюнистӣ дар соли 2006 ошкоро шикаста шуд. То пеш аз соли 2006, режими саҳюнистӣ дар ҳамаи ҷангҳо бо кишварҳои арабӣ пирӯз буд, аммо ҷанги 33 рӯза ба шикастнопазирии Исроил поён дод. Шаҳид Сулаймонӣ дар ин мавзӯ нақши барҷастае доштааст. Ин нақш дар қолаби наҳаросидан аз душман, фармондиҳии майдони ҷанг ва тазриқи идеяи имон ба пирӯзӣ дар миёни размандагон ифо шуд.
«Ҳоҷ Ҳусейни Ал-Халили », муовини сиёсии дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи нақши шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар ҷанги 33 рӯза гуфт, Ҳоҷ Қосим ҷангро аз даруни майдону аз дохили Лубнон дунбол мекард.
Мавзӯи сеюм, кумак ба тақвияти қудрати боздорандагии меҳвари муқовимат буд. Дар ҳоле, ки то пеш аз ҷанги 33 рӯзаи соли 2006, ба лиҳози таҷҳизотии меҳвари муқовимат вазъият матлубе надошта, батадриҷ ин вазъият тағйир кардааст. Мушакҳои муқовимат имрӯз ҳар нуқтае аз Фаластини ишғолиро метавонад ҳадаф қарор диҳад. Дар ҳамин росто, « Зиёд нахола », дабиркулли ҷиҳоди исломии Фаластин бо тамҷид аз нақши ҳоҷи қосим дар кумак ба муқовимати Фаластин, гуфт ӯ идеяи омӯзиши фаластиниҳо барои сохти силоҳро матраҳ карду акнун муқовимати Фаластин дар сохти силоҳ низ пешрафт кардааст.
Инҳо сирфан бахше аз хадамоти роҳбурдӣ аст, ки Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар меҳвари муқовимат анҷом дод. Дар натиҷаи ин хадамо,т ки албата бо кумаку ҳамроҳии дигари фармондеҳони муқовимату бузургонии назири Имоди Муғанния, Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис ва дигарон анҷом гирифт, тӯли ҷангҳои меҳвари муқовимат бо режими саҳюнистӣ коҳиш ёфтааст . режими саҳюнистӣ аз ҷанги 33 рӯзаи соли 2006 то кунун ҳатто як ҷанг алайҳи ҳизби аллоҳи Лубнони анҷоми надоди чиро ки аз қудрати боздорандагии ҳизбуллоҳ огоҳ аст. Ҷанги режими саҳюнистӣ бо фаластиниҳо ба 2 рӯз коҳиш ёфта, ки охирини он дар сол 2019 набуд, ки пас аз 2 рӯз , ин режим маҷбур ба пазириши оташбас шудааст.
Хидмати бузурги бузурги дигаре, ки Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ барои меҳвари муқовимат анҷом дод , дар мубориза бо тероризм тайи як даҳаи ахир буд . Меҳвари арабии /ибрӣ/ ғарбӣ барои барандозии низоми Сурия ё таҷзияи тамомияти арзии ин кишвар ва ҳамчунин барои эҷоди хилофати ДИИШ дар Ироқ аз гурӯҳҳои террористӣ баҳра гирифт. Бидуни шакк, шикасти ин меҳвар дар дастёбӣ ба аҳдофи худ, маҳосили нақши бебадили Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар мубориза бо тероризми буд.
Саидҳасани Насруллоҳ, дабиркулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусус мегӯяд: «Фармондеҳони ироқӣ мегуфтанд, ки Ҳоҷ Қосим ҳамеша дар мубориза алайҳи такфириҳои ДИИШ, дар хати муқддами набард ва дар канори низомиёни ироқӣ ва сурӣ буд.»
Ин хадамот буд, ки асабонияти режими саҳюнистӣ ва Амрико аз фармондеҳи бузурги меҳвари муқовимат, Ҳоҷ Қосим Сулаймониро дар пай доштааст ва сабаб шуд даст ба ҷинояти бузурге бизананду ин сардори бузурги муқовиматро террор кунанд.
Бештар бихонед: