Январ 03, 2021 14:37 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: ДИИШ барои террори сардор Сулаймонӣ ба дасти Амрико хушҳолӣ кард
    Вазорати хориҷаи Эрон: ДИИШ барои террори сардор Сулаймонӣ ба дасти Амрико хушҳолӣ кард

Вазорати умури хориҷаи Эрон, Амрико ва ДИИШ-ро ҳамразмоне дар як ҷабҳа тавсиф кард.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар сафҳаи “Твиттер”-ии ин вазоратхона бо ҳаштакгузории “ҳаргиз ‌наме‌бахшем, ҳаргиз‌ фаромӯш намекунем” навишт, ин воқеъияти мустанад, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳам ба он изъон карда, Амрико дар рушди терроризм аз Алқоида то ДИИШ дар минтақаи ғарби Осиё нақши асосӣ ифо кардааст.

Дар “Твиттер”-и вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст: “тааҷҷубовар нест, ки ДИИШ барои террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба дасти Амрико хушҳолӣ кард.

Сардори сипаҳбуд шаҳидон Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ба ҳамроҳи 8 нафари дигар сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп