Арманистон Эронро ҷойгузини Туркия мекунад
(last modified Mon, 04 Jan 2021 08:27:51 GMT )
Январ 04, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Давлати Арманистон Эронро дар тиҷорати хориҷии худ ҷойгузини Туркия
    Давлати Арманистон Эронро дар тиҷорати хориҷии худ ҷойгузини Туркия

Пас аз таҳримҳои Амрико алайҳи Туркия, давлати Ереван қасд дорад, Эронро ҷойгузини Туркия дар тиҷорати хориҷӣ бо Арманистон кунад.

Давлати Арманистон бо ишора ба нигарониҳои амниятии муртабит бо ҳимояти ошкори Анкара аз ҳамалоти ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи ароманаи Қарабоғ, тасмими худро барои мамнӯияти воридот аз Туркия аз рӯзи 20 октябр (29 меҳр) соли ҷории милодӣ эълом кард. Туркия солона 69 миллиондоллар пушок  10, миллиондоллар мураккабот, 35миллиондоллар лавозими худрав ,24 миллион доллар нафту маҳсӯлоти нафтӣ ба Арманистон содир мекунад. Мамнӯияти шашмоҳа ва муваққати вурӯди колоҳои Туркия ба Арманистон аз рӯзи (ҷумъа) иҷроӣ шудааст .

Бидун шак, ин тасмими давлати Арманистон дар пайи машварат бо дипломатҳои амрикоии муқими Ереван иттихоз шудааст.

Давлати Ереван рӯзи 20 моҳи октябри соли 2020 омодагии худро ба манзури эъмоли маҳдӯдият барои ҷилавгирӣ аз вурӯди колоҳои Туркия эълом кард ва иллати онро, нигарониҳои амниятии муртабит бо ҳимояти ошкори Анкара аз таҳоҷуми ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи Қарабоғ донист. Дар ҳақиқат аз ин пас, дар бахши тиҷорати хориҷии Эрон ҷойгузини Туркия хоҳад шуд ва давлати Арманистон талош мекунад 2250 колои туркияиро ҳазф ва муодили он колоҳоро аз Эрон ворид кунад.

Вазорати умури хориҷаи Арманистон дар номае ба Фарҳод Нурӣ, муовини тавсеаи бозорҳои содиротии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, эълом кард, ба далели таҳримҳои Туркия, Арманистон қасд дорад колоҳои Эронро ҷойгузини 2250 навъ колои воридотии худ аз Туркия кунад.

Тардиде нест, ки эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи дигар кишварҳои ҷаҳон ба навъи эътиёд табдил шудааст.

Амрико бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Русия, Туркия, Венесуэлау ва дигар кишварҳои ҷаҳонро таҳрим кардааст. Дар ин миён бояд гуфт, эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Туркия дар шароите аст, ки пеш аз ин низ робитаи Арманистон бо Туркия ба далели кумакҳои Туркия ба ҷумҳурии Озарбойҷон бо мушкилоте бо Арманистон ҳамроҳ будааст. Ба гуфтаи вазорати иқтисоди Арманистон, ин мамнӯият шомили афзоиши қимматҳо дар кишвар намешавад. Зеро маҳсулоти Туркия бар бахши тавлидоти дохилӣ тасаллут надоранд ва корофаринҳои арманистонӣ метавонанд колоҳои русӣ, беларусӣ, эронӣ ё чиниро ҷойгузини колоҳо ва маҳсулоти туркияӣ кунанд. Дар ҳамин иртибот Исмоил Дамир, профессори туркияӣ, ки шастсол аз умри худро сипарӣ кардааст, ибтидо дар донишгоҳи фаннии Истанбул ва дар риштаи муҳандисии ҳавонавардӣ таҳсил карда ва сипас бо истифода аз бурси давлатӣ ба Амрико рафта ва таҳсилоти худро дар коршиносии аршад ва докторои ҳавофазо дар Вашингтон ба поёни расонда ва сипас дар Канада низ фаъолияти пасодокторои худро тамом карда ва барои тадрис ба Туркия бозгаштааст. Аммо баъдҳо боз ҳам барои таҳсил дар чанд ҳавзаи тахассусӣ, ба Амрико рафта ва дар Мичиган ва Вашингтон таҳсил карда ва аз нухбагоне буда, ки дар соли 2002  ва пас аз қудрат гирифтани Ҳизби адолат ва тавсеъа, аз ӯ даъват шуда ба Туркия бозгардад  Ӯ, ки пас аз бозгашт ба Туркия дар муовинати фаннӣ ҳавопаймоии миллии Туркия фаъолият карда ва аз соли 2014 милодӣ дар баданаи дифоӣ қарор гирифта, муътақид аст,

“Тасмими таҳрими иттихоз шуда тавассути Амрико, азми моро дар гомҳое, ки барои манофеи миллӣ ва санъати дифоии худ таҳти раҳбарии шахси раисиҷумҳурӣ бар медорем, бештар мекунад. Мо таҳти ҳидояти раисиҷумҳури Эрдуғон, иродаи худро барои тақвияти санъати дифоӣ комилан мустақил ва худкафо, нишон медиҳем. Ҳар тасмиме, ки дар хориҷ аз кишвар нисбат ба худам ё муассисаи мо гирифта шавад, хати ман ва тими манро тағйир нахоҳад дод. Ба ҳеч ваҷҳ қодир ба ҷилавгирӣ аз рушди санъати дифоии Туркия нахоҳанд буд”.

Изҳороти ин коршиноси санъати дифоӣ ва низомии Туркия ҳокӣ аз он аст, ки сиёсатмадорони ғарбӣ умдатан "равонпареш ҳастанд ва ба ин беморӣ эътиёд доранд. Сиёсатмадорони ғарбӣ умдатан дар пайи он ҳастанд, ки ба ҳар тариқи мумкин ҳамчунон муавқеияти худро дар ҳокимият ҳифз кунанд! Назири ҳамин иттифоқ дар интихоботи ахири Амрико рух додааст.

Дар айни ҳол, сиёсатмадорони ғарбӣ талош мекунанд сиёсатҳои худро ба дигар кишварҳои муттаҳиди худ дар шарқ таҳмил кунанд. Дар ҳоле, ки ихтилофҳои фарҳангӣ дар шарқ монеъ аз иҷрои чунин намоишҳое дар кишварҳои шарқӣ мешавад.

БЕШТАР БИХОНЕД: