Эълони сурхи Эрон ба интерпол барои боздошти Трамп
Сухангӯи қувваи қазоии Эрон аз таҳвили номи 48 нафар аз афроде, ки дар террори Шаҳид Сулаймонӣ нақш доштаанд, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Амрико, ба Интерпол супурда шуданд ва дархости огоҳиномаи сурх барои онҳо хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯии қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейни Исмоилӣ дар бораи пайгирии ҳуқуқии парвандаи террори шаҳид Қосим Сулаймонӣ бо баёни ин ки бархе кишварҳо санадҳое барои Эрон фиристодаанд гуфт: «Якояки авомил, яъне ин 48 нафар, аз раиси ҷумҳурии Амрико, ки омили аслии террор буд то фармондеҳон ва мақомоти мухталиф шиносоӣ шудаанд.»
Исмоилӣ таъкид кард дар бораи ин муттаҳамон дархости эълони сурх ба полиси байналмилал дода шудааст.
Эълони сурхи интерпол ё эълон барои афроди таҳти пайгард аз назари кишварҳое, ки онро ба мӯҷиби низоми қазоии и худ ба расмияти шинохтаанд, ба маънии дархости боздошти муваққат асту мабноии ҳуқуқии боздошти фарди таҳти пайгардро ташкили медиҳанд.
Сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис муовини пешини Созмони Ал-Ҳашду Шаъбии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафар дигар аз ҳамразмоншон бомдоди ҷумъаи сеюми январи 2020 дар атрофи фурӯдгоҳи Бағдод ба дастури мустақими Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва бо шиллики ракет аз паҳподҳои артиши ин кишвар ба шаҳодат расиданд.