Руҳонӣ: Садамаи парвози 752 ҳавопаймои Украина ҳодисае талх, дарднок ва боварнакарданӣ буд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: вуқӯи фоҷеаи парвози шумораи 752 ҳавопаймоии Украина наздикии Теҳрон садамаи хеле талх, дарднок ва ғайри қобили бовар буд, ки аз иштибоҳи як нафар сарчашма мегирад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҳасан Рӯҳонӣ» бо гиромидошти ёду хотираи ҷонбохтагони суқути ҳавопаймоии украинӣ дар ҳаштуми январи соли гузашта, афзуд: Агарчи иллати ин фоҷиа саҳвӣ ва хато буд, аммо ҳодисаи хунбор ва хатарнокеро ба вуҷуд овард, ки иддае аз нухбагони Эрон ҷон ба ҷонофарин таслим карданд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон иброз умедворӣ кард дар як баррасии дақиқ, парванда баррасӣ шавад ва натиҷаи ниҳоии додгоҳи оромишбахши воқеии хонаводаҳое бошад, ки азизонашонро дар ин ҳодиса аз даст доданд.
Руҳонӣ ҳамчунин бо гиромидошти ёди сардори сипаҳбуд шаҳид «Қосим Сулаймонӣ» фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: ин шаҳиди воломақом ҳеч гоҳ ҷиноҳӣ ва ҳизбӣ фикр намекарду ҳамеша ба фикри мардум буд; на танҳо ба фикри мардуми кишвари худ, балки ба фикри мусулмонон ва мардуми минтақа буду хадамоти бузурге ба кулли минтақа ироаи кард.
Бар асоси ин гузориш, баҳрабардорӣ аз тавлиди ваксинаи таби барфӣ (домӣ) ва ваксинаи зуккоми парандагон (туйур), системаи радиатсионии бисёрмақсадноки саноатӣ ва инчунин ду корхонаи инноватсионӣ рӯзи панҷшанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҳасани Руҳонӣ » ва ба сурати тасвирӣ оғоз шуд.
Руҳонӣ дар ин баҳрабардорӣ аз ин тарҳҳо, ба тавлиди ваксинаи эронӣ барои муқобила бо вируси корона ишора карду гуфт: имрӯз аз ду навъи ваксинаи муҳим баҳрабардорӣ шуд ва тавлиди ваксинаҳои дигар низ дар моҳҳои оянда ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: ваксинаҳои тавлидӣ метавонад ба андозаи ниёзи дохил тавлид шаваду ҳамчунин дар заминаи корхонаҳои навоварӣ ҳоизи аҳамият аст ва фазои кишварро илмӣ мекунад.
Бештар бихонед: