Таваққуфи иҷроии протоколи илҳоқӣ; гоми баъдии Эрон дар баробари кӯтоҳии тарафҳои Барҷом
Сукхангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, агар таҳримҳо зидди Теҳрон мутаваққиф нашавад, дар гми баъдии иҷроии довталабона протоколи илҳоқӣ мутаваққиф хоҳад шуд.
Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Абулфазли Амуӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эрон пресс, дар бораи аҳамияти лағви таҳримҳо қабл аз вуруди Амрико ба Барҷом тасреҳ кард, бар асоси модаи 6 қонуни «иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо », агар кишварҳои 4+1 ( Фронса , Русия, Чин , Англису Олмон), тааҳудҳои худро амалӣ накунанд, пас аз ду моҳ аз лозимул иҷро шудани ин қонун, иҷроии довталабонаи протоколи илҳоқӣ мутаваққиф мешавад.
Амуӣ бо баёни ин ки Эрон дар гоми нахусти қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо, ғанисозии 20 дарсади ураниумро дар дастури кори худ қарор додааст, ёдовар шуд: фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон бештарин боздидҳоро доштааст ва беш аз 23 дарсад аз кулли бозрасиҳои ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомили Эрон мешавад.
Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон хотирнишон кард: Агар ҳамчунони таҳримҳо боқӣ бимонад ва Эрон барои тиҷорати хориҷии худ дучори мушкил шавад, иҷрои бозрасиҳо мубтанӣ бар протоколи илҳоқӣ ҳам мутаваққиф хоҳад шуд.
Амрико 8 майи 2018 расман аз тавофуқи Барҷом хориҷ шуд ва зимни бозгардондани таҳримҳои гузашта, таҳримҳои ҷадиде низ алайҳи Эрон вазъ кард.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муддати як сол дар чорчӯби Барҷом ба тааҳудоти ҳастаии худ амал кард, аммо аз он ҷое, ки кишварҳои аврупоии узви Барҷом дар иҷрои тааҳудоти худ ноком буданд, Эрон низ аз майи 2019 коҳиши тааҳудоти Барҷомро тайи 5 гом иҷро кард.
Бо тадовуми нокомии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳудоти барҷомиашон, Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон якуми декабри 2020, қонуни 9 модаии «иқдоми роҳбурдии лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеъи миллати Эрон »-ро тасвиб кард.
Талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои 20% ғанисозӣ, афзоиши захираҳои ураниуми сатҳи паст ва истифодаи насли нави центрифугаҳои IR2M ва IR6 аз ҷониби Созмони Энергияи Атомии Эрон аз ҷумлаи муқаррароти қонун "Иқдоми роҳбурдии бекор кардани таҳримот ва ҳимояи манфиатҳои миллати Эрон" мебошанд.
Бештар бихонед: