Эрон барои бозгашти Амрико ба БарҶом шарт гузошт
Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал гуфт: Шарти бозгашти Амрико ба БарҶом, лағви ҳамаи таҳримҳои золимонаи ин кишвар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари инқилоби муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2015 дар ҳамон муҳлати муқаррар ва тааҳҳуд бо 5+1 фаъолиятҳои ҳастаиро коҳиш доду ҳеч таъхире дар ин замина надошт, аммо дар тарафи муқобил амрикоиҳо ба сурати мақтаъӣ баъзе аз таҳримҳоро бармедоштанд ва дар фосилаҳои кӯтоҳе тамдид мекарданд ва дар ниҳоят аз ин тавофуқ хориҷ шуданд.
Вилоятӣ бо ибрози таассуф аз ин ки се кишвари Фаронса, Олмон ва Англия ба унвони намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар табаият аз Амрико маҳдудиятҳои зиёдеро барои Эрон таҳмил карданд, ёдовар шуд, ки дар ин муддат Русия ва Чин то он ҷое ки тавонистанд ба Эрон кумак ва ба тааҳҳудашон дар БарҶом амал карданд.
Мушовири Раҳбари инқилоби муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал таъкид кард: Бо чунин собиқае аз тарафи амрикоӣ дар анҷоми тааҳҳудоташон Эрон ҳақ дорад ба идомаи музокира бадбин бошад, ба илова ин ки Эрон аз ин бадаҳдиҳо хисорат дидааст ва бояд хисоратҳояш таъмин ва ҷуброн шавад.
Вилоятӣ изофа кард: Ҳар давлате ки узви Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT ) бошад, ҳақ дорад аз мазоёи сулҳомези ҳастаӣ истифода кунад ва ҳеч кишваре наметавонад дар асри ҳозир худашро аз истифодаи сулҳомези энержии атомӣ маҳрум кунад.
Бештар бихонед:
- Таваққуфи иҷрои протоколи илҳоқӣ: Гоми баъдии Эрон дар баробари кӯтоҳии тарафҳои БарҶом
- Таъкиди мушовири байден бар бозгашти Амрико ба БарҶом
- Бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ аввалин иқдоме аст, ки Амрико бояд анҷом диҳад