Январ 14, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ : Афзоиши 56 дарсадии сармоягузории хориҷӣ , нишонаи шикасти фишори ҳаддиаксарӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон , афзоиши 56 дарсадии сармоягузории хориҷӣ дар манотиқи озоди кишварро нишонаи шикасти фишори ҳаддиаксарӣ ва тероризми иқтисодӣ донист.

Ҳасани Руҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе пас аз ифтитоҳи 60 тарҳи зербиноӣ дар манотиқи озод ва вижаи иқтисодӣ хотирнишон кард  : Оморҳо нишон медиҳад, ки Эрон дар масири табдили манотиқи озод аз воридкунандаи коло ба содиркунандаи тавлидоту маҳсулот , муваффақ буда аст.

Руҳонӣ бо таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи манотиқи озоди тиҷорӣ ва вижаи иқтисодии Эрон , гуфт : Содироти коло аз ин манотиқ ба хориҷ аз кишвар рақами болиғ бар 138 миллиард доллар аст ва дар муқобил , воридоти Эрон дар ин манотиқ дар маҷмӯъ 47 миллиард доллар буда аст.

 Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба инки манотиқи озод дар шароити таҳрим метавонанд кумаки ҳоли иқтисоди кишвар бошанд , афзуд : Манотиқи озоду вижаи иқтисодии Эрон нисбат ба соли гузашта дар маҷмӯъ 56 дарсад афзоиши ҷазби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ доштаанд, ки нишон аз рушду беҳбуди ҷаззобиятҳои ин манотиқ ва амалкарди муваффақи давлат дар ин замина аст.

Руҳонӣ бо баёни инки имрӯз тақрибан дар ҳамаи кишварҳои минтақа,манотиқи озоду вижаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар ҳоли фаъолият ҳастанд , изҳор кард : Бисёре аз манотиқи озоду вижаи иқтисодӣ , чӣ дар ҷануб ва чӣ дар шимоли Эрон , зарфияту имкони ҷазби гардишгар ва равнақи фаолиятҳои муртабитро доранд.

 Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе ба сурати ведиоконфронсӣ 60 пружии иқтисодӣ ва зербиноиро дар 6 минтақаи озоду вижаи тиҷории кишвар ифтитоҳ кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп