Иҷрои марҳилаи дувум ва ниҳоии размоиши Паёмбари аъзам (с)
Январ 16, 2021 20:30 Asia/Dushanbe
Дар марҳилаи дувум ва ниҳоии размоиши Паёмбари аъзам (с)-Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти роҳбурдии мушакҳои баластикии зидди киштиҳои душмани фарзӣ иҷро шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон , размоиши Паёмбари аъзам ( с) рӯзи ҷумъа 15 январ дар минтақаи умумии биёбони марказии Эрон оғоз шуд.
Дар ин размоиш субҳи рӯзи шанбе мушакҳои дурбурд аз фосилаи 1800 километрӣ аҳдофи мавриди назарро дар шимоли уқёнуси Ҳинд бо муваффақият нобуд карданд.
Ин марҳила аз размоиш бо ҳузури фармондеҳони баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд.
бештар бихонед
- Баргузории марҳалаи аввали размоиши Паёмбари аъзам (с)-15 дар Эрон
- Филми амалиёти шиллики Аждар аз нахустин зердарёии сохти Эрон
Барчасп