Сипоҳи посдорони Эрон : Посухи фаротар аз тасаввур ба хасми душман медиҳем
(last modified Sat, 24 May 2025 08:20:23 GMT )
Май 24, 2025 13:20 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорони Эрон : Посухи фаротар аз тасаввур ба хасми душман медиҳем

Порстудей - Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи шанбе ба муносибати гиромидошти солрӯзи фатҳи Хуррамшаҳр таъкид кард : Даст бар мошаи туфанг муҳайёи посухгуии қотеъ , пушаймонкунандаву фаротар аз тасаввур ба ҳар гуна иқдоми хасмонаи душман ҳастем .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар баёнияе эълом кард : Тардиде нест ҳамон гуна,ки размандагони Ислом ва фарзандони миллати Эрон дар амалиёти торихӣ ва илҳомбахши Байтулмуқаддас , ғайримумкинҳоро мумкин ва душмани баъсии Саддом ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаии ҳомии ӯро ноком сохтанд , дар шароити хатири торихии кунунӣ низ Эрон ва эронӣ метавонад дар арсаҳои иқтисод , фарҳанг , амният бо рӯҳияи ҷиҳодӣ ва инқилобӣ номумкинҳоро мумкин кунанд ва масири пешравандагӣ ва таъолии кишвар ба самти қуллаҳои рафеъи иқтидору ифтихорро ҳамвор созанд .