Беҳбудии беш аз як миллиону 125 ҳазор мубтало ба корона дар Эрон
(last modified Mon, 18 Jan 2021 12:56:31 GMT )
Январ 18, 2021 17:56 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 56 ҳазору 886 нафар расид
    Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 56 ҳазору 886 нафар расид

Беш аз як миллиону 125 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон аз ин беморӣ беҳбуд ёфтаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошти Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 806 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 586 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар ин кишвар ба як миллиону 336 ҳазору 217 нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз як миллиону 125 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар 24 соати гузашта ҳамчунин 83 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 56 ҳазору 886 нафар расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 95 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 68 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: