Октябр 17, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Исроил ба Эрон яъне мушакҳои эронӣ бар сари саҳюнистҳо

Фармондеҳон ва манобеи иттилоотии артиши Туркия гуфтаанд, ки дар сурати ҳамлаи маҳдуди ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба таъсисоти атомии Эрон, Ховари Миёна дар муддати чанд соат дар оташи ҷанг фуру меравад ва ҳазорон мушаки эронӣ роҳии сарзаминҳои ишғолӣ мешавад.

Ба иттилои хабаргузории Форс, сайти ифшогари Викиликс ахиран муҳтавои ҷанҷолии бахши ҷадиде аз имейлҳои Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи собиқи Амрикоро мунташир кардааст .

Дар бахше аз ин имейлҳо, Сидни Блументал, мушовири аршади Билл ва Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, ки сарони кишварҳои аврупоӣ муътақиданд, ки дар сурати ҳамлаи Исроил ба таъсисоти атомии Эрон, авзои иқтисоди ҷаҳонӣ вахимтар мешавад ва Исроил ҳам баунвони муқассири он шинохта хоҳад шуд .

Ин мақоми амрикоӣ афзудааст: "Фармондеҳони артиши Туркия дар маҳофили хусусӣ бо ҳузури баландпоятарин мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ҳамлаи Исроил ба Эрон мутмаинан пеш аз расидани ҷангандаҳои исроилӣ ба пойгоҳи худ, оташи як ҷанги минтақаиро шуълавар мекунад".

Манобеи амниятии Туркия албатта иттилооти худро бо манобеи аврупоӣ ҳам баррасӣ кардаанд ва бо истинод ба иттилооти дақиқи тайидшуда гуфтаанд, ки "чунин набарде ба фуруди ҳазорон мушаки эронӣ бар сари исроилиҳо хоҳади анҷомид".