Алоқаи Ҳинд ба сармоягузории бештар дар бандари Чобаҳор
(last modified Mon, 01 Feb 2021 06:57:02 GMT )
Феврал 01, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • Бандари Чабаҳор; Даричае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Бандари Чабаҳор; Даричае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Мудири кулли умури сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҳиндж гуфт: Алоқаманд ба ҳузури бештар ва сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ҳастем ва ҳамкории давлати Ҳинд барои тавсеа ва равнақи ин бандарро тазмин мекунем.

Мудири кулли умури сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҳинд гуфт: Алоқаманд ба ҳузури бештар ва сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ҳастем ва ҳамкории давлати Ҳинд барои тавсеа ва равнақи ин бандарро тазмин мекунем.

 

«Ҷитендер Пал Сингҳ» Jitender Pal Singh рӯзи якшанбе пас аз рунамоӣ аз нахустин сармоягузории Ҳинд дар бандари Чобаҳор дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Давлати Ҳинд соли гузашта 75 миллион тонна гандумро аз тариқи бандари Чобаҳор барои мардуми Афғонистон таъмин кардааст. .Ин бандар як дарича барои кишварҳои Осиё марказӣ асту метавонад барои ҳама муфид бошад.

Вай бо баёни ин ки кишварҳои Осиёи марказӣ алоқаи зиёде ба истифода аз бандари Чобаҳор доранд, гуфт: Бандари Чобаҳор як бандари тронзитӣ асту тарҷеҳи иқтисодии бисёре аз кишварҳо барои тиҷорати дарё бурд маҳсуб мешавад.

Мудири умури сиёсии вазорати умури хориҷаи Ҳинд бо ишора ба таъмини таҷҳизоти бандарӣ дар Чобаҳор тавассути ширкати ҳиндӣ, гуфт: Эрон ва Ҳинд дағдағаи иртиқоии бандари чобаҳорро доранду ба ҷуз таъмини таҷҳизоту ҳимояти пуштибонӣ, лозим аст бо ҷонибҳои манфиатдори бандар низ иртибот барқарор кунем.

Пал Сингҳ хотирнишон кард: Муваффақияти бандари Чобаҳор, муваффақияти 2 кишвари Эрону Ҳинд маҳсуб мешавад.

Бештар бихонед: