Феврал 03, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 58 ҳазору 189 нафар расидааст
    Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 58 ҳазору 189 нафар расидааст

79 нафари дигар бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, 6 ҳазору 870 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Эрон дар шабонарӯзи гузашта шиносоӣ ва аз ин теъдод 701 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 438 ҳазору 286 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ ба 58 ҳазору 189 нафар расидааст.

То кунун як миллиону 229 ҳазору 391 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп