Феврал 04, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли нахустин маҳмулаи ваксинаи корона аз Русия ба Эрон

Сафири Эрон дар Русия аз ирсоли нахустин маҳмулаи ваксинаи русии корона мавсум ба « Спутник V » ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Русия эълом кард : Нахустин маҳмулаи ваксинаи русии корона мавсум ба « Спутник V » рӯзи панҷшанбе боргирӣ ва ба Эрон ирсол шуд.

 Ҷалолӣ бо баёни инки ваксинаи русии « Спутник V » дар беш аз 16 кишвар аз ҷумла Эрон сабт шуда аст,афзуд: Ҷумҳӯрии исломии Эрон шонздаҳумин кишваре буд, ки ӣн ваксинаро ҳафтаи гузашта ба сабт расонд.

 Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Русия афзуд: Бар асоси тавофуқи анҷомшуда бо ширкати сармоягузории мустақими Русия (RDIF) муқарар шуд тавлиди муштараки ин ваксина дар дохили Эрон низ анҷом шавад.

 Ваксинаи Спутник V дар моҳи августи соли 2020 дар Русия таъйид шуд ва  ширкати сармоягузории мустақими Русия аз моҳи октябри соли 2020 бо кишварҳои мухталиф барои арза ва  бавижа тавлиди муштараки ин ваксина музокира мекунад ва маҳмулаҳое аз он ба чанд кишвар низ ирсол шуда аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп