Феврал 05, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 452 ҳазору 387 нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 452 ҳазору 387 нафар расидааст

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Дар 24 соати гузашта 80 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 58 ҳазору 336 нафар расид.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 61 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 675 нафар бистарӣ шуданд.

Ба гуфтаи Лорӣ, маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 452 ҳазору 387 нафар расидааст.

Вай изофа кард: То кунун як миллиону 241 ҳазору 320 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 105 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллиону 296 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 77 миллион нафари ҳам беҳбуд ёфтаанд.  

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп