Тасаллияти солрӯзи шаҳодати имом Алии Нақӣ (а)
Имрӯз (душанбе) саввуми раҷаби соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 15 феврали 2021, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Алии Нақӣ (а) набераи поки Паёмбари гиромии ислом аст.
Имом Алии Нақӣ ( а ) имоми даҳуми шиаёни ҷаҳон дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданду таҳти роҳнамоиҳои падари бузургворшон Имом Ҷавод (а) қарори гирифтанд. Эшон баъд аз шаҳодати падари бузургворшон, ӯҳдаи дори имомату раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд.
Аз лақабҳои машҳури имоми Алии Нақӣ (а) «Ҳодӣ » ба маънои ҳидояткунанда аст. Имом Ҳодӣ (а) дар муаррифии симоии тобноки исломи ростин талоши бисёр карданд.
Эшон ҷаласоти мутааддидеро барои баҳс дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва ё иҷтимоӣ баргузор карданд ва дар ин ҷаласот ба саволҳо ва шубҳаҳои матраҳшуда посух гуфтанд.
Илму дониши густардаи имом Ҳодӣ (а) аз як сӯ маҷбубияту ҷозибаи зиёди эшон дар миёни мардум аз сӯи дигар, ҳасодату кинаи ҳокимони Аббосиро бармеангехт ва билохира тайи дасисаҳое, он ҳазратро ба шаҳодат расонданд.
Радиои тоҷикӣ фаро расидани солрӯзи шаҳодати ин имоми бузургворро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон тассалият мегӯяд.