Тавлиди тракторҳои нави эронӣ дар корхонаи тракторсозии Табрез
(last modified Tue, 16 Feb 2021 11:20:30 GMT )
Феврал 16, 2021 16:20 Asia/Dushanbe

Тавлиди тракторҳои нави комилан эронӣ дар корхонаи тракторсозии Табрез оғоз шуд.

Трактори WD-4120, муҷаҳҳаз ба мотори шашслиндри турбозаряд, бо тавони 120 асби бухор ва қуфли дифференсиалии электрогидравликӣ иртиқоёфта нисбат ба тракторҳои дигар аст.

Трактори WD-455 ҳам муҷаҳҳаз ба мотори 3 силиндри турбозаряд бо тавони 55 асби бухор ва хуруҷии гидравликиву қобилияти кор дар мазореъ ва боғҳост. Ширкати тракторсозии Табрез созандаи анвои трактор, мошинҳои боркаш ва абзоролот солона 20 ҳазор дастгоҳ трактор, 30 ҳазор дастгоҳ мотори дизелӣ, 33 ҳазор тон анвои қатаоти оҳангарӣ ва 54 ҳазор тон анвои қатаоти рехтагарӣ тавлид мекунад.

Тракторсозии Табрез ба унвони яке аз қадимитарин саноеи сангин ва модар дар Эрон. бо ҳудуди 50 сол собиқа ва бо вуҷуди таҳримҳо тавонистааст дар 9 моҳи гузашта ҳазору 800 дастгоҳ трактор ба арзиши 500 миллиард тумон ба кишварҳои мухталиф содирот дошта бошад.

 

Бештар бихонед: