Сеюмин ва охирин рӯзи Размоиши Иқтидори ҳавоии ҳарими вилоят
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6271-Сеюмин_ва_охирин_рӯзи_Размоиши_Иқтидори_ҳавоии_ҳарими_вилоят
Сеюмин ва охирин рӯзи Размоиши Иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят имрӯз баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 19, 2016 09:47 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин ва охирин рӯзи Размоиши Иқтидори ҳавоии ҳарими вилоят

Сеюмин ва охирин рӯзи Размоиши Иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят имрӯз баргузор мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабари Садо ва Симо, дар дуввумин рӯзи Размоиши иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят, тимҳои мутахассис дар ҳавзаҳои ҷанги навин ба муқобила бо такхимиявии душмани фарзӣ пардохтанд. Дар ин иртибот анвои сомонаҳои рафъи олудагӣ, ҳушдордиҳанда ва ошкорсозҳо, чодарҳои ҳифозатӣ, зистӣ ва насли ҷадиди Стар низ мавриди истифода қарор гирифт .

Шашумин Размоиши "Иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят"-и нерӯи ҳавоии артиши ҷумҳурии исломӣ рӯзи душанбе дар пойгоҳи шаҳид Бобоии Исфаҳон оғоз шуд.

Дар ин размоиши се рӯза, анвои ҳавопаймоҳои шикории раҳгир, шикории бомбафкан, таробарии нимасангин ва сабук, ҳавопаймоҳои иртиботӣ ва шиносоӣ, сӯхтрасон ва анвои паҳподҳои нерӯи ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур доранд .