Феврал 24, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити Теҳрону Душанбе; меҳвари музокироти мақомҳои Эрону Тоҷикистон

Равобити Эрону Тоҷикистон ҳамвора бо аҳаммият аст ва ин аҳаммият беш аз ҳар чиз ба сабаби пайвандҳо миёни ду кишвар аст.

Вуҷӯди иштирокоти фаровони динӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон бистари муносиберо барои тавсеъаи муносибот дар заминаҳои мухталиф фароҳам карда ва бо таъкид бар истифода аз ҳамин зарфиятҳо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон сафар кард.

Вазири кишвари Эрон дар дидорҳояш бо мақомҳои Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор ва дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи равобити дуҷониба бавижаи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар замина амният гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Дар ин дидор раисиҷумҳури Тоҷикистон бар иҷрои ҳамаҷонибаи санади ҳамкориҳои амниятӣ ва иҷрои фаъолонаи бандҳои ин санад таъкид кард. Шиддат ёфтани таҳдидҳои модерн барои амнияти ҷаҳонӣ ва минтаӣ, ҳамагирии вируси корона, мавзӯи буҳрони иқтисодӣ ва молии ҷаҳонӣ ба унвони таҳдиди ҷиддӣ барои вазъияти феълӣ ва ояндаи минтақа, аз дигар мавориди матраҳ шуда дар ин дидор буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, кишварҳои минтақа метавонанд мушкилоту масоили худро ҳал кунанд. Таҷруба низ нишон додааст ҳузури мудохилаҷӯёнаи бегонагон дар минтақа, натиҷае ҷуз эҷоди буҳрону таниш ва ихтилоф дар равобити миёни кишварҳои минтақа надоштааст. Эрон хоҳони сулҳ, субот, адолат ва амният дар минтақа аст ва дар ин ҷиҳат дар кумак ба ҳалли муноқишоти минтақаӣ ҳамвора пешқадам шудааст. Нақши Эрон дар кумак ба барқарории сулҳ ва поёни муноқиша дар Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши фаъоли Эрон дар кумак ба ҳали муноқишаи Қарабоғ нақшофаринӣ дар кумак ба пешбурди музокироти сулҳи Афғонистон аз иқдомоте аст, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эронро нишон медиҳад.

Бадеҳист, ки Эрон дар чорчӯби муносиботи ҳарчӣ бештар ва густардатар бо кишварҳои минтақа ҳамаи талоши худро ба кор хоҳад гирифт. Токунӯн беш аз 160 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, дифоӣ ва фарҳангӣ байни Теҳрону Душанбе ба имзо расидааст. Эрон бо тавваҷуҳ ба собиқааш дар иҷроии тарҳҳои фаннӣ мисли сохти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 2” ва эҳдоси тунели Истиқлол метавонад кумаки фаровоне барои Тоҷикистон дар раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ бошад. Ин рӯйкардро дар баҳси дастрасии Тоҷикистон ба обҳои озод ва баҳрабардорӣ аз имконоти бандарҳои дарёии Эрон, аз ҷумла Чобаҳор метавон мушоҳида кард, ки бо стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахшҳои энержӣ ва иртиботӣ ҳамхонӣ дорад.

Бо тавваҷуҳ ба маҷмӯи муаллафаҳое, ки дар тавсеъаи равобити ду ҷониба ва минтақаӣ нақши роҳбурдӣ доранд, Теҳрон ва Душанбе метавонанд бо истифода аз ин потансиалҳо барои тақвияти равобит гом бардоранд. Сафари вазири кишвари Эрон ба Тоҷикистон низ аз азми ду кишвар барои тавсеъаи равобит ҳикоят дорад.

БЕШАТР БИХОНЕД:

 

Барчасп