Зарурати шинохти андешаҳои Фирдавсӣ ва Иқбол барои муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ
(last modified Thu, 25 Feb 2021 12:58:54 GMT )
Феврал 25, 2021 17:58 Asia/Dushanbe
  • Вебинари байналмиллалии “Таҳаввулоту ислоҳоти иҷтимоӣ аз дидгоҳи Фирдавсӣ ва Иқбол” рӯзҳои 24-25 феврал дар донишгоҳи Лоҳур баргузор шуд
    Вебинари байналмиллалии “Таҳаввулоту ислоҳоти иҷтимоӣ аз дидгоҳи Фирдавсӣ ва Иқбол” рӯзҳои 24-25 феврал дар донишгоҳи Лоҳур баргузор шуд

Ширкаткунандагон дар вебинари байналмиллалии “Таҳаввулоту ислоҳоти иҷтимоӣ аз дидгоҳи Фирдавсӣ ва Иқбол” бар зарурати шинохти ашъору дидгоҳҳои ин ду шоири бузург барои муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ таъкид карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон,ин вебинари байналмиллалии дурӯза ба ҳиммати бахши фирдавсишиносӣ ва эроншиносии донишгоҳи бонувони элсии Лоҳур ва бо ҳамкории хонаи фарҳанги Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар ин шаҳр баргузор шуд.

 Дар рӯзи поёнии ин вебинар, ки бо ҳузури пажӯҳишгарону шахсиятҳои саршиноси адабӣ,фарҳангӣ ва сиёсии Эрон, Покистон ва Ҳинд баргузор шуд, ширкаткунандагон ашъори ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва аллома Иқболи Лоҳуриро омезае аз фарҳанг, ҳунар ва ҳуввияти торихӣ ва динӣ баршумурданд.

  Бушро Мирзо-раиси донишгоҳи бонувони шаҳри Лоҳур гуфт :  Шинохти беҳтари файласуфону машоҳири адабии гузашта ҳамонанди Фирдавсӣ ва Иқбол метавонад ҷомеъаро аз хатари нуфузи фарҳангии бегонагон ҳифз кунад.

Муҳаммадризо Нозирӣ-сарконсули Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Лоҳур низ бо ҳузур дар ин вебинар гуфт : «Ваҳдати исломӣ ва истеъморситизӣ аз вижагиҳои афкору андешаи Иқболи Лоҳурӣ аст.»

 

Бештар бихонед :