Феврал 26, 2021 20:31 Asia/Dushanbe
  • Бемористони Разавии Машҳад мизбони вебинари пизишкони қалби Эрон ва Аврупо
    Бемористони Разавии Машҳад мизбони вебинари пизишкони қалби Эрон ва Аврупо

Вебинари байналмилалии пизишкони қалби Эрон ва Аврупо рӯзи ҷумъа ба мизбонии бемористони фавқи тахассусии Разавӣ дар Машҳад баргузор шуд.

Маҳмуди Шабистарӣ, дабири илмии нахустин вебинари байналмилалии қалби Эрон ва Аврупо дар ин маросим гуфт: Бемористони Разавии Машҳад тайи се соли ахир ба сурати ҳузурӣ пазирои мутахассисони муртабит бо қалбу рагҳои ҷаҳон будааст, аммо имсол ба хотири густариши вируси корона ин ҳамоиш ба сурати вебинар баргузор мешавад.

Шабистарӣ афзуд: Бо тавваҷуҳ ба вазъияти коронаӣ ин вебинар тайи 2 марҳила дар рӯзҳои ҳаштум ва 22 исфандмоҳ баргузор мегардад.

Вай идома дод: Тозатарин иттилоот ва равишҳои муртабит бо ташхис ва дармони бемориҳои қалбу рагҳо дар ин вебинар мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Шабистарӣ гуфт: Анҷоми 12 амали ҷарроҳӣ ба сурати он-лайн, ки ҳашт мавриди он дар Эрон ва чаҳор маврид дар Италия анҷом хоҳад шуд, аз дигар бахшҳои ин вебинар аст.

Дар ин вебинар пизишкони мутахассису барҷаста дар ҳавзаи қалбу раг аз кишварҳои Италия, Олмон, Белгия, Ҳинд, Швейтсария, Амрико, Испания, Туркия ва Эрон ҳузур доранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп