Оташсӯзӣ дар гумруки марзии Афғонистон бо Эрон
(last modified Sat, 06 Mar 2021 11:12:35 GMT )
Март 06, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Гумруки марзии Абу Насри Фароҳӣ дучори оташсӯзӣ шуд
    Гумруки марзии Абу Насри Фароҳӣ дучори оташсӯзӣ шуд

Гумруки марзии Абу Насри Фароҳӣ, миёни Эрону Афғонистон бори дигар дучори оташсӯзӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, устондори Фароҳ эълом кард, ин оташсӯзӣ имрӯз (шанбе) дар миёни мошинҳои нафту газ дар гумруки Абу Насри Фароҳӣ дар хоки Афғонистон рӯй дод.

Ин дувумин бор аст, ки дар як ҳафтаи ахир гумруки Абу Насри Фароҳӣ миёни вилояти Фароҳ ва Эрон дучори оташсӯзӣ мешавад.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре, аз ҷумла мизони хисороти ин оташсӯзӣ ва чигунагии вуқуъи он мунташир нашудааст.

БЕШТАР БИХОНЕД: