Оташсӯзӣ дар гумруки марзии Афғонистон бо Эрон
Март 06, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
Гумруки марзии Абу Насри Фароҳӣ, миёни Эрону Афғонистон бори дигар дучори оташсӯзӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, устондори Фароҳ эълом кард, ин оташсӯзӣ имрӯз (шанбе) дар миёни мошинҳои нафту газ дар гумруки Абу Насри Фароҳӣ дар хоки Афғонистон рӯй дод.
Ин дувумин бор аст, ки дар як ҳафтаи ахир гумруки Абу Насри Фароҳӣ миёни вилояти Фароҳ ва Эрон дучори оташсӯзӣ мешавад.
Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре, аз ҷумла мизони хисороти ин оташсӯзӣ ва чигунагии вуқуъи он мунташир нашудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Охирин видеоҳо аз инфиҷор ва оташсӯзии бузург дар гумруки марзии Афғонистон ва Эрон
- Оташсӯзии густарда дар гумруки марзии Афғонистон ва Эрон+Филм
- Хисорати садҳо миллиондолларии бозаргонони афғон дар оташсӯзии гумруки Исломқалъа
Барчасп