Октябр 19, 2016 21:10 Asia/Dushanbe
  • Нақши Эрон ва Русия дар таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ

Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Эрон ва Русия дар таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз нақши таъсиргузоре доранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Маҳдии Саноӣ - сафири Эрон дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба конфронси «Ҳамкории Русия ва Эрон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги ба унвони омили таҳкими сулҳу амният дар Авруосиё» тасреҳ кард, густариши равобити Эрон ва Русия дар тамоми сатҳҳо дар натиҷаи иродаи раҳбарони ду кишвар будааст.

Маҳдии Саноӣ хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ба унвони ду кишвари бузург бо ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии худ таъсири басазое дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз доранд.

Сафири Эрон дар Русия афзуд, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба унвони минтақаи ҳадафи гурӯҳҳои такфирӣ ва ифротгаро аст ва пешгирӣ аз густариши терроризм дар минтақа, аз ҷумлаи меҳварҳои ҳамкории ду кишвар аст.

Конфронси «Ҳамкории Русия ва Эрон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба унвони омили таҳкими сулҳу амният дар Авруосиё» рӯзи чаҳоршанбе дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав бо ҳузури асотиди Донишгоҳи Аллома Таботабоии Эрон, донишгоҳҳои Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон оғоз ба кор кард.