Суханони Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба муносибати иди Мабъас
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, иди саиду бузурги Мабъасро иди ҳама адолатхоҳони ҷаҳон номиданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар баёноте ба муносибати солрӯзи иди Мабъаси Паёмбар ( с ), ин идро ба ҳамаи миллати Эрон ва уммати исломӣ ва озодагони олам табрик гуфтанд ва таъкид карданд:Иди Мабъас-иди ҳамаи адолатхоҳони ҷаҳон аст .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд:Дар Мабъас, дар чунин рӯзе қалби муқаддаси Паёмбари аъзам ( с ) махзани гаронбаҳотарин амонати илоҳӣ шуд, яъне ваҳйи илоҳӣ . Ва сангинтарин масъулияти олами вуҷуд, бар душҳои пуртавони он бузургвор ниҳода шуд,ки масъулияти ҳидояти башар то охири олам аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд,ки тавҳид фақат ба маънои ин нест, ки инсон дар зеҳни худ ақида пайдо кунад, ки Худо яке аст .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд:Тавҳид маънои муҳимме аст, ки ба маънои ҳокимияти илоҳӣ аст .
Бештар бихонед :
- Раҳбари муаззами инқилоб: Озодии Фаластин суннати илоҳӣ аст. Амрико ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад
-
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Суботи қадам дар ҳақ ба ислоҳи кишвар ва дунё меанҷомад