Ахтари чархи адаб Парвин аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i63720-Ахтари_чархи_адаб_Парвин_аст
Рахшанда Эътисомӣ маъруф ба "Парвини Эътисомӣ", машҳуртарин шоираи эронӣ аст.
(last modified 2026-05-30T09:04:10+00:00 )
Март 15, 2021 07:07 Asia/Dushanbe
  • Парвин Эътисомӣ машҳуртарин шоири зан дар Эрон аст
    Парвин Эътисомӣ машҳуртарин шоири зан дар Эрон аст

Рахшанда Эътисомӣ маъруф ба "Парвини Эътисомӣ", машҳуртарин шоираи эронӣ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Парвини Эътисомӣ дар 25 исфанди 1285 ( 17 марти 1907 ) дар Табрез чашм ба ҷаҳон гушуд . Вай аз ҳамон даврони кӯдакӣ истеъдодҳои худро намоён кард ва се забон форсӣ, англисӣ ва арабиро назди падараш омӯхт. Таҳти назари устодҳое ҳамчун Алиакбари Деҳхудо ва Маликушуарои Баҳор таълим дид. 

Парвини Эътсомӣ дар 35 солагӣ бар асари бемории ҳасба дар Теҳрон даргузашт ва дар ҷавори оромгоҳи Фотимаи Маъсума ( с ) дар Қум ором гирифт.

 Аз 248 қитъаи девони шеъри ин бонуи фарҳихта 65 қитъаи он ба сурати мунозира аст. 25 исфанд зодрӯзи ин шоири бузург ба номи рӯзи бузургдошти Парвини Эътисомӣ номида шудааст. 

Парвини Эътсомӣ абётеро ҷиҳати санги мазори хеш суруд : 

Ин ки хоки сияҳаш болин аст

 Ахтари чархи адаб Парвин аст

 Гарчи ҷуз талхӣ аз айём надид

Ҳарчӣ хоҳӣ, суханаш ширин аст . . . . . . 
  
  
  
  Бештар бихонед :