Рӯнамоӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорон
(last modified Wed, 17 Mar 2021 10:11:42 GMT )
Март 17, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорон
    Рӯнамоӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорон

Эрон дар яке аз минтақаҳои муҳими ҷуғрофӣ ва стратегии Осиёи Ғарбӣ ҷойгир аст ва амният ва субот дар ин минтақа аз нуқтаи назари гео-стратегӣ аҳамияти махсус дорад.

Бар ҳамин асос аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бар сиёсати афзоиши зарфиятҳои дифоии худ таъкид дорад . Дар иҷрои ин сиёсат, оини рӯнамоӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯии дарёии сипоҳ ва пайвастани таҷҳизоти мушакӣ ба ин нерӯ рӯзи 15 март бо ҳузури сардори сарлашкари посдор, Ҳусейн Саломӣ, фармондиҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз фармондиҳону масъулони олирутбаи Нерӯҳои мусаллаҳ баргузор шуд.

Дар ин маросим, ​​системаҳо ва таҷҳизоти мушакӣ бо қобилиятҳои нави амалиётӣ ва хусусиятҳо аз қабили тирпарронии дақиқ аз чуқурӣ, тирандозии 360-дараҷа ва тирандозии ҳаракаткунанда, инчунин қобилияти мубориза бо ҷанги электронӣ ба Созмони разми нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони   Инқилоби Исломӣ афзуда шуд.

Бадеҳист Ҷумҳурии Исломии Эрон ба  дунболи таҳдид нест, балки ба дунболи ҳифзи амнияти худ ва ҷилавгирӣ аз таҳдид аст. Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёноташон зимни шарҳи омилҳои аслии иқтидори миллати Эрон таъкид кардаанд, ки ҳадаф аз сиёсат «қудрати боздорандаи низоми исломӣ» ҷилавгирӣ аз шаклгирӣ ҳатто хаёли ҳамла ба Эрон дар зеҳни зӯргӯёни байналмилалӣст. 

Бар ин асос, қудрати мушакии яке аз меҳварҳои роҳбурдӣ дар докторини Низомии Ҷумҳурии Исломӣ барои муқобила бо таҳдидот ба шумор меравад . Нашрияи Амрикоӣ Нейшенал интерест Theи Nationalи Interest дар таҳлиле дар бораи қудрати боздорандагии Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф менависад: «Қобилиятҳои низомӣ воқеъиятист, ки Эрон онро пинҳон намекунад.» Бисёре аз сайтҳои таҳлилгари масоили низомӣ низ Эронро ҷузви 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи тавони мушакӣ медонанд. Сайти таҳлили амниятии DEBKAfile, ки ба саҳюнистҳо вобаста аст, ахиран дар як гузориши худ дар бораи қудрати мушакии Эрон навиштааст, ки бар хилофи ҳисобҳои нодурусти мутахассисони ғарбӣ, на ИМА ва на Исроил қудрати муқобила бо мушакҳои Эронро надоранд.

 Эрон барои дифо аз худ бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳо ва таҳримҳое, ки аз замони ҷанги таҳмилии ҳаштсола ва баъд аз он вуҷуд дошта исбот кардааст, ки бо истифода аз тахассусу дониши бумӣ метавонад ба зарфиятҳои дифоӣ ва боздорандагӣ даст ёбад. Нерӯи дарёии Эрон низ ин тавонмандиро дорад, ки бо баҳрагӣрӣ аз таҷҳизоту силоҳҳои пешрафта дар ҳавзаи разми дарёӣ дар ҳифзи амният аз каронаҳои халиҷи Форс ва баҳрии Уммон то уқёнуси Ҳинд ва дар ҳар нуқтае, ки дар обҳои байналмилалӣ ниёз ба амниятсозӣ бошад ҳузур ёбад.

 

Бештар бихонед: