Март 17, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Чаҳоршанбесурӣ ё чаҳоршанбесӯзӣ? пурсиш ин аст
    Чаҳоршанбесурӣ ё чаҳоршанбесӯзӣ? пурсиш ин аст

Сухангӯи Созмони ҳолатҳои фавқулодаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе шумораи кушташудагон ва ҷароҳатгирифтагони маросими чоршанбесурии имсолро эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҷтабо Холидӣ гуфт: «Дар шаби чаҳоршанбеи охири соли 1399 якҳазору 894 нафар маҷрӯҳ шуданд.»

Вай идома дод: Имсол 527 нафар дучори осеби чашм, 131 нафар дучори қатъи узв ва 546 нафари дучори сӯхтагиҳои мутавассит то шадид шуданд.

  
Холидӣ ҳамчунин гуфт: «Дар чаҳоршанбесурии имсол дар Эрон муттаассифона 9 нафар ҳам фавт карданд дар ҳоле, ки соли гузашта ин теъдод чаҳор нафар буд.»  
 

 Ба гуфтаи сухангӯи Созмони ҳолатҳои фавқулоддаи Эрон 70 дарсад аз афроди осебдида худ аз маводи тарканда ва  оташгиранда истифода карда буданд ва 30 дарсад низ раҳгузарон ва ё нерӯҳои имдодӣ буданд, ки маводи таркандаҳо  дар муқобилашон таркида буд. 

Дар солҳои ахри ворид шудани маводи тарканда ва дигар маводи оташгиранда ва инфиҷорӣ ба маросими чаҳоршанбесӯрӣ, ин суннати куҳани эрониро ба маросими хатарноку осебпазир табдил кардааст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп