Март 18, 2021 00:06 Asia/Dushanbe
  • Ин ҳамоиш ба ҳиммати Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон баргузор шуд
    Ин ҳамоиш ба ҳиммати Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон баргузор шуд

Ҳамоиши маҷозӣ бо мавзӯи "Наврӯз дар Афғонистон ва Тоҷикистон" имшаб дар Теҳрон бо ҳузури соҳибназароне аз Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиши маҷозӣ, ки конуни Эроншаҳри Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон онро баргузор кард, Комрон Бойматов, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба ин ҳамоиш даъват шуда буд, бо ишора ба аҳамияти Наврӯз барои мардуми кишвараш гуфт: Тоҷикон ва эрониён одобу русуми муштараки фаровоне дар мавриди иди Наврӯз доранд ва ин ид яке аз муҳимтарин муштаракоти Тоҷикистону Эрон аст. 

Комрон Бойматов ба одобу русуми Наврӯз дар ин кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ ишора кард ва изҳор дошт: Наврӯзро дар Тоҷикистон аз рӯйиши гули бойчечак ё гули баҳман  шуруъ мекунанд ва навҷавонону ҷавонон бо дар даст доштани ин гулҳо ба дари хонаҳои мардум мераванд ва муждаи фаро расидани баҳорро медиҳанд. 

Вай афзуд: Дар ин ойин пиразанҳо ин гулҳоро ба рӯйи худ мемоланд ва дар ҳаққи ҷавонҳо дуои хайр мекунанд. 

Бойматов бо баршумурдани тафовутҳои ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ва Эрон идома дод: Яке аз тафовутҳои Наврӯзи Тоҷикистон бо Эрон дар суфраи наврӯзӣ аст, ки тоҷикҳо илова бар суфраи Ҳафт Син, суфраи Ҳафт Шин ҳам доранд. 

Дар ин нишасти маҷозӣ Навидуллоҳ Донишёр, устоди Донишгоҳи Берунии Афғонистон низ дар суханоне ба вижагиҳо ва одобу русуми Наврӯз дар ин кишвар ишора кард ва Наврӯзро аз муҳимтарин ҷилваҳои ваҳдат миёни миллатҳои форсизабон донист. 

 

Бештар бихонед: