Март 20, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Муҳамадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёме нақшу ҷойгоҳи Наврӯз дар ваҳдату ҳамбастагии ақвому миллатҳои мухталифи ин ҳавзаи муштаракро баррасӣ кард.
    Муҳамадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёме нақшу ҷойгоҳи Наврӯз дар ваҳдату ҳамбастагии ақвому миллатҳои мухталифи ин ҳавзаи муштаракро баррасӣ кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон, Наврӯзро муждаовари тафоҳуми ҷаҳонӣ ва таҳкимбахши пояҳои ҳамбастагии миллатҳо унвон кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳамадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёме нақшу ҷойгоҳи Наврӯз дар ваҳдату ҳамбастагии ақвому миллатҳои мухталифи ин ҳавзаи муштаракро баррасӣ кард.

  Дар ин паём омадааст : Наврӯз куҳантарин мероси муштараки миллатҳо аст, ки ҳазорон сол дар сарзаминҳои паҳноваре аз шарқи Эронзамин то баҳри Миёназамин ва дар канори ҳамдигар зист мекунанд ва ин густараи ҷуғрофиёӣ « ҳавзаи фарҳангии Наврӯз » номида мешавад.

    Дар рӯзгоре, ки бархе ба дунболи шуълавар кардани оташи ихтилоф ва ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст ки рамзи тавҳидро ёдовар мешаваду ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби Худованди якто бар суфраи  зиндагӣ доранд ва бидонанд « Ки дар офариниш  зи як гавҳаранд » .

  Иҳтимому пешгомии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва ҳамроҳии  кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеъи байналмиллалӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо аз рӯзгорони гузашта дар канори ҳам нигоҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд.

    Ҷашни Наврӯз шодии ҳарсолаву муждаи тафоҳуми ҷаҳонӣ ва пайванди фарҳангӣ миёни миллатҳои ҳамсоя ва ё дур аз ҳам аст. Гувоҳиҳои гуногунеро метавон ёфт, ки ҳамин андешаву зарурати пайвандии фарҳангӣ миёни ақвому гурӯҳҳои гуногун дар бунёду асли ҷашни Наврӯз  вуҷуд дорад.

  Хушбахтона иқдомоти хубе дар Ҷумҳӯрии исломии Эрону Тоҷикистон дар муаррифии Наврӯз шудааст, вале боз ҳам ҷои иҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёконамон вуҷуд дорад. Боистӣ аз зарфияти Наврӯз ба унвони як амали асосии ваҳдату тавваҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагӣ  ба манзӯри ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон бештар истифода кард .

  Густараи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ пешинаи чанд ҳазор солаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгароии минтақаӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломасии фарҳангӣ омили муҳим барои ин ҳамгароӣ аст, чаро ки ҷашни Наврӯз бо унвони « дипломасии Наврӯз » метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд .

   Бо истифода аз фурсат, Наврӯзу оғози баҳори зеборо ба ҳамватанони эронӣ ,мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ва ба ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд  самимона табрику шодбош мегӯем .

 

    Бештар бихонед :