Март 22, 2021 21:10 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо интишори як паёми видеоӣ Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистону тамоми форсизабонон табрик гуфта ва таъкид кардааст, ки аз Наврӯз бояд ба унвони яке " аз пояҳои ҳамбастагӣ барои ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон” истифода кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паёми табрики наврӯзӣ, ки ба шаклӣ бесобиқа дар маконҳои торихии Тоҷикистон аз ҷумла қалъаи Ҳисор филмбардорӣ шуда  гуфтааст : " Дар рӯзгоре, ки бархе ба дунболи шуълавар кардани оташи ихтилоф ва ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст ки рамзи тавҳидро ёдоварӣ мекунад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад . "

   Сафири Эрон дар Душанбе афзуд : Пешгомии ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ҳамроҳии  дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти ин руйдоди фарҳангӣ дар маҷомеъи байналмиллалӣ нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан аст, чунон ки ки мардумони ин кишварҳо низ рӯзгорони гузашта дар канори ҳам нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд .

    Муҳаммадтақии Собирӣ дар поёни паёми наврӯзии худ таъкид кардааст : Густараи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ пешинаи чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгаройи минтақаӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломосии фарҳангӣ омили муҳим барои ин ҳамгароӣ аст ва ҷашни Наврӯз бо унвони " дипломосии Наврӯз " метавонад зарфияти муҳиммеро дар ин замина фароҳам кунад .

 

   Бештар бихонед :

 

Барчасп